- зӯрӣ
- [زوري]1. қувват, қудрат, иқтидор, тавоноӣ2. иҷбор, маҷбурӣ; ба зӯрӣ маҷбуран, иҷборан, зӯран3. сахтӣ, шиддат: зӯрии дард; зӯрӣ кардани дард шиддат ёфтани дард4. с. тарзи бо истифодаи чораҳои мухталифи маҷбурӣ, яъне зӯроварӣ ба даст овардан ё нигоҳ доштани ҳукмронии иқтисодӣ ва сиёсӣ; ба касе зӯрӣ мекардагӣ ҷуръати бо касе зӯрӣ карданро дошта; ба муқобили касе мебаромадагӣ; зӯрӣ кардан ғолиб омадан, ғалаба кардан; зӯрӣ кардани коре ба касе барои касе душворӣ кардани коре; аз ӯҳдаи иҷрои коре баромада натавонистани касе; зӯрӣ кардани хӯроке ба касе ғизоеро ҳазм карда натавонистани меъда, ба мизоҷи касе мувофиқ наомадани хӯроке; зӯрӣ надоштан нияти маҷбур кардан надоштан; касеро барои иҷрои коре водор накардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.